Ноябр 16, 2022 20:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози сифат аз бархе кишварҳои аврупоӣ беҳтар аст
    Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози сифат аз бархе кишварҳои аврупоӣ беҳтар аст

Тоҷикистон аз назари сифати роҳҳо дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷои дувум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад.

Тоҷикистон бо ин арзёбӣ, дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон 20 зина боло рафт.

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз назари сифати роҳ аз 70 ба 50 иртиқо ёфт.

Коршиносони ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ сифати сатҳи роҳҳоро дар саросари Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Дар маҷмуъ 138 кишвар дар ин лист гунҷонида шудаанд. Дар соли 2016 Тоҷикистон ҷои 70 - ро ба худ ихтисос дода буд ва тибқи охирин додаҳои соли 2019, Тоҷикистон рутбаи 50 - ро ба худ ихтисос дод.

Ба ин тартиб Тоҷикистон бо пуштисар гузоштани Таиланд (мақоми 55), Индонезия (60), Эрон (79), Гурҷистон (81), Кувайт (84) ва ҳатто кишварҳои аврупоӣ, вориди 50 кишвари бартари ҷаҳон аз назари сифати роҳ шуд.

 

Барчасп