Ноябр 17, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳамкории дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ

Алиасғари Шолбофиён-муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангии Эрон дар дидор бо Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон ва дигар масъулини ин кумита хостори тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин дидорҳо масъӯлони гардишгарии Эрону Тоҷикистон бар тавсеаи равобити гардишгарӣ таъкид доштанд ва бар асоси мулоқотҳоӣ, ки аз қабл доштанд таъкид бар ин буд ки мулоқотҳо мунҷар ба ақди қарордод ва барномаҳои амалиётии байни бахшҳои хусӯсӣ шавад ва бо сабуксозӣ ва бардоштан монеъаҳо,роҳҳои ҳамкории ин ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ тақвият шавад .
Дар ин нишаст ҳамчунин дар хусӯси ҳамкориҳои гардишгарӣ, хусӯсан табодули иттилооти гардишгарӣ, ба хусӯси иттилооти бахшҳои хусӯсии ду кишвар, гардишгарии саломат, интиқоли таҷрибаи Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ музокира шуд ва масъӯлони Тоҷикистон пешниҳод доданд ки давраи омӯзишӣ барои ҳамкорони тоҷик дар Эрон ба сурати вебинар ва ё ҳузурӣ баргузор шавад .
Масъӯлони давлати Тоҷикистон дар ин нишаст бахшҳои хусӯсии Тоҷикистон, шомили меҳмонхонадорӣ, маконҳои тафреҳӣ ва туристӣ ва деҳкадаҳои саломати худашонро муаррифӣ карданд ва қарор шуд ки дар нишасти сеҷониба байни Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба муаррифии дақиқтар ин зарфиятҳо бипардозанд .
Дар ин нишаст ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба барқарории парвози байни ду кишвар аз мақсади Машҳаду Теҳрон ба шаҳри Душанбе, ки ба сурати ду рӯз дар ҳафта анҷом мешавад, масъӯлони Тоҷикистон дархости осонсозии парвозҳо ва коҳиши нархро бо ҳадафи афзоиши теъдоди парвозҳо доштанд .
Бекорсозии виза барои ду тараф ба манзури ҷазби гардишгари бештар ва осонии рафту омади ҷодаӣ ва роҳи оҳанӣ меҳвари баъдии нишасти масъӯлони гардишгарии Эрону Тоҷикистон буд, ки бо таъкид бар анҷоми роҳкорҳои ҷаззобу нав дар ҳавзаи гардишгарӣ аз ҷумлаи ривоятгарӣ ва муаррифии фарҳанг, таъриху тамаддуни байни ду кишвар анҷом шуд .
 

 

Барчасп