Ноябр 18, 2022 18:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Туркманистон 7-0
    Эрон ва Туркманистон 7-0

Тими миллии футболи навниҳолони Эрон дар мусобиқоти КАФА муқобили Туркманистон - чаҳорумин ҳарифи худ ба пирӯзии пургол даст пайдо кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, тими миллии футболи зери 14 соли Эрон дар чаҳорумин бозии худ дар мусобиқоти КАФА имрӯз (ҷумъа) ба масофи Туркманистон рафт ва ин дидор бо натиҷаи 7 бар сифр ба суди навниҳолони Эрон ба поён расид.

Дар ин дидор Ашкони Туробӣ (3 гол), Салмони Туробӣ (3 гол) ва Муҳаммадалии Сафоӣ барои Эрон дар бозӣ бо Туркманистон голзанӣ карданд.

Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иттиҳодияе аз федератсияҳои футболи 6 кишвар (Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбакистон) дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар соли 2014 ташкил шудааст.

 

Барчасп