Наришкин: Бо Тоҷикистон дар бораи Афғонистон табодули фаъолонаи иттилоот дорем
(last modified Thu, 24 Nov 2022 05:54:19 GMT )
Ноябр 24, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Сергей Наришкин
    Сергей Наришкин

Раиси Хадамоти иттилооти хориҷии Русия гуфт, ҳамкориҳои иттилоотии Маскав ва Душанбе бар рӯйдодҳои Афғонистон мутамаркиз аст.

Сергей Наришкин, раиси Хадамоти иттилооти хориҷии Русия бо баёни ин ки ин ниҳод ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шуракои қобили эътимоди якдигар ҳастанд, афзуд: Мавзӯи аслии таомули мо мубориза бо терроризми байналмилалӣ аст.

Наришкин гуфт, тамаркузи ҳамкориҳои мо бар рӯйдодҳои Афғонистон ва чигунагии таъсири онҳо бар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон аст.

Вай дар посух ба пурсише дар бораи вазъияти Афғонистон афзуд, аз бисёре ҷиҳот ҳаллу фасли авзоъ дар Афғонистон бастагӣ ба ин дорад, ки ҷумбиши Толибон бо чӣ суръате битавонад байни ақшори мухталифу гуруҳҳои иҷтимоии он кишвар ба иҷмоъ даст ёбад.

Наришкин ҳамчунин гуфт, эҷоди ин иҷмоъ бо имкони мушорикати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сохтани як Афғонистони ҷадид муртабит хоҳад буд.