Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон
(last modified Wed, 30 Nov 2022 05:30:23 GMT )
Ноябр 30, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  •  Дар ин дидори тарафайн дар хусуси мавзуъот, тақвият ва густариш ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар табодули назар карданд
    Дар ин дидори тарафайн дар хусуси мавзуъот, тақвият ва густариш ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар табодули назар карданд

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкори дар заминаи фарҳанг ва ҳунарро густариш медиҳанд.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Меҳриҷамол Муҳаммадова, ноиби раиси Кабинаи вазирони Туркманистон дар шаҳри Ишқобод дидор ва гуфтугу кард.

 Дар ин дидори тарафайн дар хусуси мавзуъот, тақвият ва густариш ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар табодули назар карданд.

Баргузории дарсҳои маҳорати барои донишҷӯён, сафари гурӯҳҳои мусиқӣ ва баргузории марсими мухталифи фарҳанги муштарак заминаи мусоъиде барои тавсиаи бештари  ҳамкориҳо дар заминаи фарҳанги байни Тоҷикистон ва Турокманистон хоҳад буд.

Роҳҳои тақвияти ҳамкори байни донишгоҳҳои давлатии фарҳанг ва ҳунари Туркманистон ҳамчунин Муасисаи давлатии ҳунарҳои зебо ва тароҳии Тоҷикистон ва Академияи давлатии ҳунарҳои зебои Туркманистон аз дигар мавзъоти матараҳ шуда дар ин ҷаласа буд.

Бештар бихонед: