Декабр 11, 2016 09:57 Asia/Dushanbe
  • Саҳми Тоҷикистон дар хуруҷи Русия аз буҳрони коҳиши муҳоҷират

Марокизи пажуҳишии Русия эълом кардаанд, ки ба далели афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз Узбакистон, Тоҷикистон ва Украина ин кишвар аз нигоҳи вуруди ин афрод ба Русия буҳронро пушти сар гузошта ва ба даврони қабл аз эъмоли таҳримҳои Ғарб бар мегардад.

    Ба гузориши сойти Фарҳангистони иқтисоди миллии Русия, Мактаби олии иқтисодӣ, Донишгоҳи тиҷорати хориҷӣ ва чанд муассисаи умури муҳоҷирати Русия эълом кардаанд, ки акнун теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷие, ки мондан дар ин кишварро тарҷеҳ медиҳанд, пас аз коҳиши шадид тайи 2 соли ахир ба омори соли 2010 баробар мешавад.

   Дар гузориши ин марказ, таъкид мешавад, ки ин шохис умдатан аз ҳисоби коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз кишварҳои наздик аз ҷумла Тоҷикистон таъмин шудааст. Бар ин асос, тайи моҳҳои январ то сентябри соли ҷорӣ теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷие, ки мондан дар Русияро тарҷеҳ медоданд дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2015 бо афзоиш рӯбарӯ шуда, ба 196 ҳазор нафар расидааст.

   Дар ҳоле, ки дар соли 2015 теъдоди ин афрод наздик ба 161 ҳазор нафар буд. Бар асоси ин гузориш, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистоние, ки дар соли ҷорӣ мондан дар Русияро тарҷеҳ медиҳанд, бо афзоиши 3 баробарӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, ба беш аз 19 ҳазор нафар расидааст. Манобеи созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, теъдоди шаҳрвандони дорои муҷаввизи кор ва иқомати ин ҷумҳурӣ дар қаламрави Русияро беш аз 1 миллион нафар унвон мекунанд.

   Аммо мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тобистони соли ҷорӣ теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русия ба 329 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2015 афзоиши 60 дарсадиро нишон медиҳад.

   Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати дохилии Русия, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар 10 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ бо муҷавиз ҳузур доштаанд.

 

Барчасп