Размоиши зиддиҳавоии Русия дар Тоҷикистон
Артиши Русия бо ҳузури беш аз 800 воҳиди низомӣ дар муддати 40 рӯз дар бахшҳое аз хоки ин кишвар ва низ Тоҷикистон размоиши зиддиҳавоӣ баргузор мекунад.
Артиши Русия размоиши зиддиҳавоии худро дар бахшҳое аз хоки ин кишвар ва низ Тоҷикистон оғоз кардааст.
Дафтари матбуоти артиши Русия эълом кард, ин размоиши ҳавоӣ бо ҳузури беш аз 800 воҳиди низомӣ ва дар муддати 40 рӯз дар бахшҳое аз хоки Русия ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар размоиши майдонии нерӯҳои дифоии Русия беш аз се ҳазор нерӯи тӯпхонаи зиддиҳавоии артиши ин кишвар ҳамзамон дар манотиқи Оренбург, Астрахан, Челябински Русия ва низ манотиқе дар Тоҷикистон тамринҳои низомӣ анҷом медиҳанд. Қарор аст, дар марҳалаи поёнии ин размоишҳо, ки то 4 сентябр идома хоҳанд дошт, аз оташбори воқеии сомонаҳои мӯшакии зиддиҳавоии "Buk-M2", "Tor-M2 ва "S-300" истифода шавад.
Андаке пеш аз ин низ Тоҷикистон ва Русия размоиши муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд, ки дар он барои аввалин бор аз ҳавопаймои бомбафкани «T-95» истифода шуд.
Ҳамҷавории ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Афғонистон ва фаъоли шудани гурӯҳҳои Толибону ДИИШ дар ин манотиқ нигарониҳои амниятии Русия ва баргузор кардани размоишҳои ин кишварро дар хоки Тоҷикистон афзоиш додааст.