Декабр 04, 2022 10:13 Asia/Dushanbe
  • Баргузории комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон душанбе дар Теҳрон
    Баргузории комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон душанбе дар Теҳрон

Понздаҳумин комияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рузҳои душанбе ва сешанбе дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар пайи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишвари буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешвад, аммо ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровони доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, понздаҳумин комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба мизбонии вазири неруи Эрон ва бо ҳузури вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ҳамин замина Маҳди Сафарӣ, муъовини дипломосии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи иртиқои равобит ва ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Дар ин комисяи заминаҳои мухталиф ва матанавеъи шомили тиҷорат, умури молӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, саноат, хадамоти фанни муҳандисӣ, саломат, сармоягузори ва гардишгарӣ дар дастури кор хоҳад буд.

Сафарӣ афзуд: Раванди баргузории ҷаласаҳои комисяи муштараки иқтисоди бо бисёри аз кишварҳои тарафи ҳамкори тақвият шуд ва интизор меравад бо пайгирии тавофуқот ва тафоҳумномаҳое, ки дар ин нишастҳо сурат мегирад шоҳиди раванди ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишварҳо бошем.

Чаҳордаҳумин комисяи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтаъти Тоҷикистон баргузор шуда аст.

 

Барчасп