Худкифоии панҷоҳдарсадӣ дар таҷҳизоти ҳароратии нерӯгоҳҳо дар Эрон
Вазири энержии Тоҷикистон дар сафари якрӯза аз ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон ( МПНО ) боздид кард .
Мудири омили ин ширкат дар боздиди вазири энержии Тоҷикистон гуфт : Ҳудуди 50 дарсад таҷҳизоти ҳароратии нерӯгоҳи Эрон дар дохили ин кишвар ва тавассути МПНО сохта мешавад .
Субҳи имрӯзи вазири энержии Тоҷикистон бо ҳадафи ошноӣ бо зарфиятҳои Эрон дар бахши тавлид, таҷҳизу таъмироти нерӯгоҳҳои тавлиди барқи Эрон дар сафари якрӯза ба Пардис аз ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон боздид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Пешоҳанг-мудири омили ширкати модари тахассусии тавлиди неруи барқи ҳароратии Эрон дар ин дидор гуфт : Дар Эрон 132 нерӯгоҳ ва 640 воҳиди нерӯгоҳӣ дорем, ки зарфияти насбшудаи мо 90 ҳазор мегаватт аст .
Ӯ мегуяд : Аз ин миён ҳудуди 72 ҳазор мегаватт марбут ба системаи тавлиди ҳароратии барқ аст, ки кори таъмироти он дар МПНО анҷом мешавад . Мудири омили ширкати модари тахассусии тавлиди неруии барқи ҳароратии Эрон гуфт : Ҳудуди 50 дарсад таҷҳизоти ҳароратии нерӯгоҳии Эрон дар дохили ин кишвар ва тавассути МПНО сохта мешавад .
Пешоҳанг мегуяд : Барои таъмирот ба ширкатҳои мухталифи таъмиротӣ ниёз аст; ба ҳамин манзур дар маҷмӯъаи МПНО 40 ширкати мухталиф дар ҳоли хизматрасонӣ ҳастанд .
Бештар бихонед :