Декабр 07, 2022 17:53 Asia/Dushanbe
  • Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон
    Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон

Вазири нерӯи Эрон гуфт, яке аз нерӯгоҳҳои бузурги Тоҷикистон - нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст, ки имрӯз ширкатҳои бузурги эронӣ бахши қобили таваҷҷуҳе аз сохти ин нерӯгоҳро бар уҳда гирифтаанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, оқои Алиакбари Меҳробиён дар нишасти хабарии ойини ихтитомияи понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон, ки бо ҳузури Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шуд, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон ҷузви муваффақтарин иҷлосҳо арзёбӣ мешавад, зеро шоҳиди ҳамроҳии мақомоти олирутбаву ҳузури ҳашт ҷонишину муовини вазир бо вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳастем. Ҳамчунин дигар дастгоҳҳои эронии назири он дар кумитаҳои ин иҷлос ҳузур ёфтанд.

Раиси эронии Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар идома ба собиқаи сохти нерӯгоҳ дар кишвари Тоҷикистон бо ҳамкории ширкатҳои эронӣ ишора карду гуфт: Нерӯгоҳи «Сангтӯда - 2» тавассути ширкатҳои эронӣ сохта шуда ва ҳамакнун бо зарфияти комил дар ҳоли тавлиди барқ аст.

Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин аз ифтитоҳи мактаби Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон хабар доду гуфт: Ин мактаб солҳо пеш бунёд шуда буд ва муқаррар шуд ифтитоҳ ва шоҳиди ҷалби донишомӯз дар он бошем. Ин амр нуқтаи муштараки фарҳангии ду кишвари Эрону Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар идома, Далер Ҷумъа, раиси тоҷикии понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки Эрону Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкории ду кишвар тайи солҳои мухталиф баён дошт: Мушкилоти вобаста ба низоми бонкӣ дар ин иҷлос баррасӣ ва муқаррар шуд, тарафҳо аз ҳамаи имконоти худ дар ин замина истифода кунанд то ин чолишҳо бартараф шаванд ва дар ин бора аз арзҳои милливу минтақаӣ баҳраманд шавем.

Лозим ба тавзеҳ аст, ин иҷлос бо таъкид бар аҳамияти ҳифзу иртиқои равобиту ҳамкориҳои мутақобил ва дар ростои таҳкими равобиту густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ба мизбонии Вазорати неруи Эрон ва раёсати Алиакбари Меҳробиён ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе, 14 ва 15 озармоҳ (5-6 декабр) дар Теҳрон баргузор шуд.

 

Барчасп