Декабр 14, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Президенти ҶТ дар Исломобод
    Президенти ҶТ дар Исломобод

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 14 декабр бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод, пойтахти Ҷумҳурии исломии Покистон шуд.

Ба гузориши “Ховар”, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истиқболи гарми намояндагони олирутбаи кишвари мизбон қарор гирифт.

Барои истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Исломобод бо акси сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон парчамҳои ҳар ду кишвар ва шиорҳое музайян шуд.

 

Барчасп