Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси порлумони Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95568-Дидори_раиси_ҷумҳӯри_Тоҷикистон_бо_раиси_порлумони_Покистон
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15 декабр бо Содиқ Санҷаронӣ-раиси порлумони Ҷумҳурии исломии Покистон дар Исломобод дидору гуфтугӯ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 16, 2022 15:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо раиси порлумони Покистон

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15 декабр бо Содиқ Санҷаронӣ-раиси порлумони Ҷумҳурии исломии Покистон дар Исломобод дидору гуфтугӯ кард .

Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози он ки ҳамкориҳои байнипорлумонӣ байни Тоҷикистону Покистон абзори муассире барои тақвияти равобити дуҷонибаву тазмини манофеи давлатҳо дар сатҳи минтақаиву байналмилалӣ аст, таъкид кард ки нақши маҷолиси ду кишвар дар тақвияти гуфтугӯҳои сиёсии идомадори байни Тоҷикистону Покистон муҳим аст .
Тарафайн ҳамчунин дар бораи мушкилоти хатарноки минтақаву ҷаҳон аз ҷумла таҳдиди тероризму ифротгароӣ барои амнияту суботи кишварҳо, ташдиди даргириҳо, даргириҳои иттилоотӣ ва ҷароими интернетӣ, тағироти иқлим ва пайомадҳои фоҷеъабори он  баҳсу табодули назар карданд .