Декабр 12, 2016 11:34 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби торихи Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои бори нахуст бо ҳадафи кумак ва роҳнамоии коргарони муҳоҷири ин кишвар китоби торихи Русия мунташир шуд.

Ба иттилои Спутник, аксари коршиносон муътақиданд, ки бадалели ҳузури беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон баунвони коргари муҳоҷир дар Русия ин китоб метавонад барои роҳнамоии ин афрод ва ошноии бештари онон бо кишвари мизбон кумак кунад.       

Игор Савин, корманди аршади Пажуҳишгоҳи ховаршиноии Русия вобаста ба Фарҳангистони улуми ин кишвар гуфтааст, ин китоб барои он идда аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки баунвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд ва қасди мондан дар Русияро доранд, бетардид муфид хоҳад буд.   

Ҳамчунин Юрий Масковиский, узви Шӯрои иҷтимоии Созмони муҳоҷират дар пойтахти Русия таъкид мекунад, ки интишори китоби торихи Русия дар Тоҷикистон барои афроди ҷуёи кор дар ин кишвар муҳим аст, зеро аксари тоҷикон афроди таҳсилкарда ва алоқаманд ба хондани китоб ҳастанд ва донистани торихи Русия барои ширкати онон дар озмуни забон, торих, фарҳанг ва ҳуқуқи ин кишвар, ки шарти дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат аст, аз аҳаммияти вижае бархурдор аст.

Бадалели набуди ҷои кори муносиб дар Тоҷикистон ҳамасола ҳазорон нафар дар ҷустуҷуи кор озими Русия мешаванд, ки аз ин теъдод бархе пас аз кори мавсимӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва сохту соз, бо сард шудани ҳаво ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо бисёри дигар талош мекунанд, дар Русия бимонанд ва ҷои кори доим пайдо кунанд.

Аксари афроде, ки қасди мондан дар Русияро доранд, ҷавонони 20 то 35 сола ҳастанд.