Декабр 17, 2022 19:17 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Додситонии кулли Озарбойҷон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Камран Алиев, додситони генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд. Дар ин дидор масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар  самти мубориза бо коррупсия баррасӣ шуда, ҷонибҳо мулоқоти имрӯзаро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина бо мақсади татбиқ, нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни баимзорасонии созишномаи мазкур ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти марбута минбаъд ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, ба тақвият бахшидани неруҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда таъсири мусбат мерасонад.