Декабр 18, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи намоишгоҳӣ миёни ширкатҳои эронӣ ва тоҷик дар Исфаҳон

Дар ҳошияи баргузории 21-умин намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизот ва таъсисоти сармоишӣ ва гармояшӣ дар Исфаҳон, тафоҳумномаи «тақвияти равобити тиҷорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил» миёни ширкати намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон, Утоқи уштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон ба имзои тарафайн расид.

Тафоҳумномаи сеҷонибаи намоишгоҳӣ дар Исфаҳон ба манзури дастёбӣ ба бозорҳои кишварҳои ду тараф, табодули ҳайатҳои тиҷорӣ, баргузории рӯйдодҳои тиҷорӣ, намоишгоҳӣ, конфронсҳо ва семинарҳо, эҷоди шабакаи тиҷорӣ ва ҷазби сармоягузорон ба имзо ва таъйиди тарафайн расид. Ҳамчунин имзокунандагони ин тафоҳумнома дар созмондиҳии намоишгоҳҳои муштарак ё ихтисосӣ дар заминаҳои мухталифи санъатӣ дар ҳар минтақа ҳамкорӣ хоҳанд дошт.

Козими Шердил, ноиби раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, ҳадафи аслии мо аз ҳамоҳангӣ ва овардани ҳайати тиҷории кишвари Тоҷикистон ба шаҳри Исфаҳон расидан ба аҳдофи муштараки ҳар ду кишвар аст, ҳамчунин ба дунболи тавсеаи равобити иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари Эрону Тоҷикистон низ ҳастем.

Дар поёни ин ҷаласаи сеҷониба, ки мунҷур ба имзои тафоҳумнома шуд, Муҳаммадҷон Султонович, раиси Утоқи бозаргонии воҳиди Суғд гуфт, тардиде нест, ки баргузории ин гӯна ҷаласот саҳми басазое дар беҳбуди шароити иқтисодии кишварҳо хоҳад гузошт.

Вай бо таъкид ба тавсеаи равобити тиҷорӣ дар бахшҳои мухталиф афзуд, ҳар ду кишвари Эрону Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории муштараки бисёре доранд, монанди гардишгарӣ, маъдану санъат, системаҳои гармоиш ва сармоиш, тавсеаи хутути ҳавоӣ ва роҳи оҳан ва ин ҳама барои тавсеаи равобити иқтисодӣ бисёр зарурӣ аст.

Дар ҳошияи ин ҷаласа, ин ҳайати бозаргонии бистнафара ба ҳамроҳи ҳайати тиҷорӣ аз кишвари Беларус аз намоишгоҳи таъсисот боздид ба амал оварда ва дар ҷаласоте бо бархе ғурфадорону афроди муассир дар ин санъат гуфтугу ва табодули назар карданд.

 

Барчасп