Декабр 19, 2022 22:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар тарҳҳои минтақаӣ

Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳамкорӣ дар чорчӯби тарҳҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.