Истиқболи шаҳрвандони тоҷик аз ғурфаи Эрон дар намоишгоҳи «Китоби Душанбе»
(last modified Thu, 22 Dec 2022 09:09:17 GMT )
Декабр 22, 2022 14:09 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи шаҳрвандони тоҷик аз ғурфаи Эрон дар намоишгоҳи «Китоби Душанбе»

Даҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф, бавижа интишорот ба нашр аз Эрон аз 23 то 25 озар дар «Китоби Душанбе» баргузор шуд.

Даҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз 23 то 25 озари 1401 (14 то 16 декабри 2022) бо ҳузури намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳинд, Беларус, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва ноширони муҳими хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.

Беҳнашр (интишороти Остони Қудси Разавӣ) ба намояндагӣ аз ноширони эронӣ ва Хонаи китобу адабиёти Эрон бо 76 унвон китоб аз осори худ ва 70 унвон китоб аз осори 12 ношири эронӣ (маҷмуан 250 ҷилд китоб) дар ин намоишгоҳ дар ғурфае ба масоҳати 9 метр ҳузур дошт. Ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин намоишгоҳ бо истиқболи пуршури мухотабон рубару шуд, ба тавре, ки ниме аз китобҳои арза шуда дар ин ғурфа дар соатҳои аввалияи рӯзи ифтитоҳия, фурухта шуд ва то рӯзи поёнӣ низ бахши умдае аз китобҳо фурухта шуд.

Дар муддати се рӯзи барпоии ин намоишгоҳ, ғурфаи Эрон мизбони бисёре аз андешмандон, нависандагон, шоирон, мунтақидони адабӣ, ноширон, донишҷӯён, донишомузон ва мақомоти давлатии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ, адабӣ ва давлатии Тоҷикистон буданд, ки аз ғурфаи Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб боздид карданд.

Аз китобҳои пурфуруши ғурфаи Эрон дар ин намоишгоҳ метавон ба «Шоҳномаи Фирдавсӣ», «Девони ашъори Рӯдакӣ», «Қиссаи мо масал шуд» , «Куллиёти Низомии Ганҷавӣ» , «Арбаини Ҷомӣ» ва « Гузидаи Девони Бедил» ишора кард.