Сардиҳои ғайриинтизор ва такопӯи мардум дар Қӯрғонтеппа
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар боришоти ғайриинтизор такопӯи аҳолӣ бештар шудааст.
Мардум боридани барфро дар ахири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр истиқбол карданд, зеро соли сипаригашта дар қисмати ҷануби кишвар, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯрғонтеппа барф наборида буд. Аммо маротибаи дувум боридани борону барфи зиёд ва сардиҳои ғайриинтизор қисме аз аҳолиро дар ҳолати ногувор гузоштааст.
Муссалам аст, ки дар чунин рӯзҳои сард дар мадди аввал роҳкиро боло рафта, аз сар задани садамаҳои барқӣ, зуд-зуд хомӯш шудани нерӯи барқ ба назар мерасад. Дар вилояти Хатлон масъулони нигоҳдории роҳҳои мошингард тамоми чораҳоро андешиданд, то ки ағбаҳоро саривақт аз барф тоза намоянд. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, барфи роҳҳои мошингард саривақт тоза карда шуд, вале бинобар барфи зиёд боиси шикастани дарахтони сӯзанбарг гашт.
Бо пайваст шудани ҳисобкунакҳои электронӣ ва гаронии нархи барқу оби ошомиданӣ ва дигар хизматрасониҳо, бахусус дар шаҳри Қӯрғонтеппа боиси “эҳтиёткорӣ”-и буҷаи оилавӣ шудааст. Инак, онҳое, ки дар биноҳои баландошёна истиқомат мекунанд, зеро буҷаи бештари оилаҳо бардошти нархҳои гарони хизматрасониро надоранд. Бинобар ин оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, дар чунин рӯзҳои сард ба деҳот, ба хонаи наздиконашон мераванд, то ки аз гармии бухории бобоӣ баҳравар шаванд. Аҳолии деҳот бошад, дар як шабонарӯз ба 10 соат нерӯи барқ таъмин аст, ки ба гуфтаи онҳо, ин дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёд аст.
Дар рӯзҳои сарди зимистон қисме аз бозорнишинон ба савдо набаромаданд, ки ин боиси болоравии нарху навои қисме аз маҳсулот гардид. Нархи нон дар бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа нисбат ба рӯзҳои пеш боло рафт.
Коршиносони маҳаллӣ ба он боваранд, ки дар сурати пайи ҳам боридани барф кишти тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон тӯл кашида, теъдоди гирифторони бемориҳои диққи нафас боло меравад.
Фариштаи Давлат