Декабр 12, 2016 17:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши умедҳо барои такмили нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон  (1)

Сохти нерӯгоҳи Роғун дар 110 километрии шимолу шарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар рӯи рӯдхонаи Вахш оғоз шуд, вале пас аз фурӯпоши Шӯравии собиқ ва истиқлоли Тоҷикистон амалиёти иҷроии ин проект дар соли 1991милодӣ ниматамом раҳо шуд.

Дар соли 2000 ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти сармоя аз сармоягузорони байналмилалӣ иқдом ва кори сохтумон дар соли 2008 аз сар гирифта шуд, вале дар соли 2012 мутаваққиф гардид. Аммо ахиран бо баста шудани маҷрои феълии рӯдхонаи Вахш ва ҷорӣ шудани оби ин рӯдхона дар туннелҳои фаръӣ, сохти сади 330 метрии нерӯгоҳи Роғун оғоз шуд. Навиштори зер ба муҳиммтарин авомили таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон ба сохти нерӯгоҳ ва сади Роғун дар Тоҷикистон ва афзоиши умедҳо барои такмили Роғун пардохтааст.

Муҳиммтарин авомили таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон ба сохти нерӯгоҳ ва сади Роғун дар Тоҷикистон

Аз диди Душанбе тағйири иқлим ва коҳиши захоири об, сохти сад ва захира кардани об як зарурати иҷтинобнопазир аст ва талош мекунад, то зимни афзоиши қудрати миллӣ ва минтақаии худ аз абзори об ба унвони фишанг дар бозиҳои сиёсии минтақа баҳрагирад. Чунон чи дар воқеъ Роғун акнун ба тарҳи миллӣ барои тоҷикҳо бадал шудааст. Ҳамчунин кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ду гурӯҳ, кишварҳои болодаст яъне Қирғизистон ва Тоҷикистон ва поиндаст яъне, Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистон тақсим мешванд. Кишварҳои болодаст аз захоири нафт ва газ маҳруманд, аммо оби фаровон доранд, чунон чи Тоҷикистон 4 дарсади оби ҷаҳон ва 53 дарсади обҳои Осиёи Марказиро дорад, аммо солона чаҳор то панҷ дарсади он мавриди истифода қарор медиҳад. Дар ин байн яке аз роҳҳои бартараф кардани мушкил камбуди барқ, сохти нерӯгоҳи бузурги барқӣ обии Роғун ба унвони нусхаи ҳалли буҳрони энержии барқи кишвар аст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди 70 дарсади мардуми Тоҷикистон мушкили камбуди барқ дошта ва буҳрон энержии барқ ҳар сол бештар мешавад. Дар ин байн Роғун бо дар сурати поён бо шаш турбина, зарфияти се нерӯгоҳи ҳастаиро дорост ва ду турбинаи он, дар соли 2018 метавонад бахше аз мушкили Тоҷикистонро ҳал кунад. Дар буъди дигаре ҳар чанд дар барномаи нахусти роҳбурдӣ то соли 2015 се ҳадафи роҳбурдӣ «раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ», «таъмини амнияти ғизоӣ» ва «истиқлоли энержӣ» -ро мадди назар дошт, аммо дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ муҳаққақ нашуд ва акнун истиқлоли энержӣ бо нерӯгоҳи Роғун ва афзоиши даромади саронаи шаҳрвандони тоҷик ба ду ҳазору  500 доллар бо ин тарҳ ва дувумин лоиҳаи роҳбурдии миллӣ, тавсеаи ин ҷумҳурӣ то соли 2030 амалитар хоҳад шуд. Дар ин байн Душанбе метавонад бо такя бар истиқлол ва содироти энержӣ бар мушкилоти пеши рӯ, чун суи вобастагии мутлақи даромад ба кишварҳои атроф ё манобеи эҳдоӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ, муҳоҷирати нерӯи кор, вобастагии шадид ба энержӣ ва.. ғалаба кунад. Илова бар ин Тоҷикистон аз нахустин солҳои касби истиқлол, ҳамкориҳои минтақаӣ ба хусус бо кишварҳои ҳамсояро яке аз аввлавиятҳои муҳимми сиёсати хориҷии худ таъйин карда ва мекушад бо мавқеияти вижаи ҷуғрофиёӣ ба унвони манбаи энержӣ ва тавлиди барқ ва афзоиши қудрати ҳидрополитик бошад. Бинобар ин акнун нерӯгоҳи Роғунро фурсати хубе барои тавсеаи иқтисоди минтақаӣ дар чорчӯби “CASA 1000” медонад. Лизо дар воқеъ Тоҷикистон умедвор аст, зимни таъмини барқи мавриди ниёзи худ бахше аз онро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

 идома дорад...