Декабр 12, 2016 19:16 Asia/Dushanbe
  • Таъминоти барқ дар манотиқи Тоҷикистон як соат зиёд хоҳад шуд

Ширкати «Барқи тоҷик» эълом кардааст, ки аз 12-уми декабр таъминоти барқ дар манотиқи Тоҷикистон боз як соати дигар афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои расмии ширкати давлати «Барқи тоҷик»,  ин иқдом баъди роҳандозии комили нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» фароҳам шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун тамоми манотиқи Тоҷикистон  субҳ, аз соати 5 то 10 ва шом, аз соати 16 то 22 нерӯи барқ дарёфт хоҳанд кард. Ин ширкати давлатӣ мегӯяд, ки ҷиҳати риояи ҳатмии ин реҷа роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби раҳбарияти  «Барқи тоҷик» супориши мушаххас гирифтаанд. Инчунин таъкид мешавад, дар он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рўй додани садамаҳо муштариён барқ намегиранд, баъди рафъи садамаҳои рухдода дар ҷараёни рӯз мизони барқи дарёфтнашуда ҷуброн мешавад.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» бо зарфияти 400 мВт аз рӯзи 9 декбар интиқоли барқ ба манотиқи Тоҷикистон аз 7 соат то 10 соат дар рӯз афзоиш дода шуд. Нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2”  дар як рӯз  7,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид карда, дар натиҷа, таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон  нисбат ба соли гузашта 16 дарсад  афзоиш ёфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи барфбориҳои 10-уми декабр  хатҳои 110-киловаттаи интиқоли барқ дар атрофи шаҳри Душанбе ба садама дучор шуданд, ки дар натиҷа, тайи се шабонарӯзи ахир бархе навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла Рудакӣ,  Ёвон ва як қисмати ноҳияи Ваҳдат бидуни барқ мондаанд.

Гуфтанист, Тоҷикистон ҳамасола бо расидани фасли сармо ва коҳиши маҷрои оби рудхонаҳо бо камбуди нерӯи барқ дар ҳаҷми наздик ба 2,5 миллиард киловатт-соат мувоҷеҳ мешавад. Ба дунболи ин ҳамасола шурӯъ аз моҳи ноябр то охири моҳи март дар бештари манотиқи Тоҷикистон, ба ҷуз аз вилояти Бадахшон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.