Афзоиши соатҳои рӯшноӣ дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон
Декабр 12, 2016 15:56 Asia/Dushanbe
Ширкати Барқи тоҷик эълом кардааст, ки аз рӯзи 12 декабр як соат ба рӯшноии минтақаҳои Тоҷикистон афзуда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ширкати Барқи тоҷик ҳамакнун тамоми манотиқи Тоҷикистон субҳ аз соати 5 то 10 ва шабонгоҳ аз соатм 16 то 22 барқ дарёфт хоҳанд кард.
Ҷузъиёти бештари ин хабар дар гузориши ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе мавҷуд аст.