Барканории муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон
(last modified Mon, 02 Jan 2023 05:46:10 GMT )
Январ 02, 2023 10:46 Asia/Dushanbe
  • Барканории муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон

Муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барканор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Эмомалӣ Pаҳмон, Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон бо содири фaрмонӣ, Ҷамолиддин Hурaлиевро аз муовинати Бонки Миллии Тоҷикистон барканор кард .

Фармони Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ин бора 13 декабри 2022 бо шумораи 481 содир шуда ва дар сайти Вазорати адлияи Тоҷикистон мунташир шудааст .

Ҷамоладдин Hурaлиев ки домоди Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон ҳам ҳаст, ҳудӯди 7 сол ба унвони муовини аввали раиси Банки Миллии Тоҷикистон фаъолият кард .

Тибқи фармони ҷадиди раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистони Фирӯзи Шарифзода ва Aлиҷони Cалимзода ба унвони муовинони ҷадиди раиси Банки Милли мансуб шуданд .

Ҷамоладдин Hурaлиев май 2015 аз муовинати вазири Молия ба муовинати Бонки Миллии мансӯб шуда  ва  то июни 2022 онҷо кор кард .

Сабаби барканории Ҷамоладдин Hурaлиев  дар фармони Раиси Ҷумҳӯр  бо сабаб ба кори дигар рафтан гуфта шуда буд аммо ҳеҷ хабаре аз ба мансаби дигар таин шудан ӯ  расонаи нашудааст .