Ширкати ҳавопаймоӣ муқассир бошад, пули билети мусофирон комил баргардонда мешавад
Дар сурати даст кашидани мусофир аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, маблағ пурра баргардонида мешавад.
Ба гузориши «Спутник», дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ҷадид ба Кодекси фазои ҳавоии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифт, ки ширкатҳои ҳавоиро аз ҳуқуқу уҳдадориҳои иловагӣ бархӯрдор мекунанд.
Тағйиру иловаҳои мазкур ба Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон охири соли 2022 аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, баъди нашри расмӣ аз соли равон мавриди амал қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла ба моддаи 101-и Кодекси фазои ҳавоӣ қисмҳои сеюм ва чорум илова гардиданд.
Тибқи он ҳамлу нақлдиҳанда уҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоии пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад.
Муқаррар шудааст, ки дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақл, бо сабаби ба таъхир афтодани парвоз, инчунин, дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо тақсири ҳамлу нақлдиҳанда, ба мусофир маблағи ҳамлу нақл, аз ҷумла пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад.
Инчунин ширкатҳои ҳамлу нақл ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз ҳисоби худ барои гуруҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон имтиёз таъйин намоянд.
Ин дар ҳолест, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз сабукиҳое ҳимоят кард, ки ҳадафашон беҳбуди хадамотрасонӣ, зиёд намудани парвоз ва пойин бурдани нархи билет арзёбӣ мешавад.