Декабр 13, 2016 12:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷустуҷӯи чаҳор хоҳару бародари тоҷикистонии узви ДИИШ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пайгарди қазоии се бародару як хоҳари тоҷикистонӣ хабар додааст, ки эҳтимол дорад ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваста бошанд.

Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бародарон Элёр, Асилбек ва Худоёрбек Турабеков ва Нодирабегим, хоҳари онон ва сокинони рустои Меҳнатобод аз тавобеи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз моҳи июни соли 2015 нопадид шудаву ба эҳтимоли зиёд ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд. Ин афрод 17 то 26 сола будаанд.

Илова бар ин чаҳор нафар, алайҳи шаш сокини дигари ин русто, аз ҷумлаи як зан, ки ҳамагӣ байни 20 то 34 сола ҳастанд ба иттиҳоми рафтан ба Сурия парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо интишори аксҳои ин афрод аз пайвастани онон ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додааст.

Ин вазоратхона пеш аз ин бо интишори номҳову аксҳои 29 шаҳрванди Тоҷикистон, аз пайвастани ин афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи онон хабар дода буд.

Дар ин феҳрист низ номи шаш зан мушоҳида мешавад.

Бинобар эъломи мақомоти амниятии тоҷикистонӣ ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 300 тан дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд.