Декабр 13, 2016 13:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудият дар таъмини сӯхти ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон

Маҳдудиятҳо дар фурӯши сӯхти ҳавопаймо ба ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон сабаб шудааст ҳавопаймоҳо борҳои мусофиронро қабул накунанд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, аз моҳи ноябр то кунун ба далели маҳдуд шудани сӯхтрасонӣ ба ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ, халабонони парвозҳои Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки барои парвози баргашт ба ҷойи бори мусофирон аз фурӯдгоҳи мабаъ сӯхти изофӣ бигиранд.

Намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Тоҷикистон бо таъйиди ӣн мушкил гуфтаанд, ки дар авохири моҳи ноябр аз ширкати сӯхтрасони ин кишвар номае дарёфт кардаанд, ки бар асоси он арзаи сӯхт ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ғайр аз ширкатҳои тоҷикӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ин нома ба иллати ин маҳдудият ишорае нашудааст.

Яке аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Тоҷикистон эълом кард, танҳо 25 дарсад аз ниёзи ин ширкатҳо ба сӯхт дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон таъмин мешавад.

Бар ин асос, мусофирони тоҷикистонии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ба Душанбе парвоз мекунанд, наметавонанд борҳои худро дарёфт кунанд.

Аз дидгоҳи коршиносон иллати аслии буҳрони камбуди сӯхти ҳавопаймо дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон инҳисорӣ шудани арзаи сӯхт ба як ширкат аст, ки фазои рақобатиро аз байн бурдааст.

Аз сӯйи дигар, қимати як тон сӯхти ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳазору 150 доллар аст, ки ин рақам дар Русия камтар аз 800 доллар аст.

Хабаргузории “Азия плюс” таъкид кардааст, ки дар ин бора муваффақ ба мусоҳиба бо масъулони ширкати сӯхтрасон дар фурӯдгоҳи Душанбе нашудааст ва ин афрод аз ироаи тавзеҳ дар ин замина худдорӣ кардаанд.

Муҳаммадюсуф Раҳмон, мудири идораи ҳавопаймоии миллӣ дар Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон бо таъйиди вуҷуди ин мушкил гуфтааст, ки талошҳо барои хуруҷ аз ин буҳрон идома дорад.

 

Барчасп