Январ 10, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Равнақи гардишгари дар Тоҷикистон, сафари 1 миллион гардишгар дар соли 2022
    Равнақи гардишгари дар Тоҷикистон, сафари 1 миллион гардишгар дар соли 2022

Дар соли гузаштаи мелодӣ ҳудуди 1 миллион гардишгар аз кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелоди ҳудуди 1 миллион гардишгар аз кишварҳои мухлатифи ҷаҳонро ба худ ҷазб карда аст.

Бахшизиёди гардишгарон, ки дар як соли гузашта аз ин кишвар боздид карданд аз кишварҳои наздик ва атроф ҳастанд.

Ба ин тартиб теъдоди кулли гардишгароне, ки дар 5 соли ахир аз ин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ боздид карданд ба 3.9 миллион нафар расид.

Дар соли 2022 мелодӣ дар қаламрави Тоҷикистон 100 зерсохти гардишгарӣ ба баҳрабардори расид дар 5 соли гузашта теъдоди таъсисоти бозшуда ба ин манзур 600 воҳид буда аст.

Дар оғози соли гузашта шаҳрвандони 52 кишвари мухталифи ҷаҳон тавонистанд бедуни дарёфти виза аз Тоҷикистон боздид карданд, шаҳрвандони 126 кишвари мухталифи ҷаҳон дорои тасҳилоти дар раванди судури раводид бархурдор ҳастанд.

Имсол марҳалаи дувуми иҷрои стратегияи рушди бахши гардишгарӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд ва қарор аст ин барнома дар соли 2026 мелодӣ такмил шавад.