Декабр 13, 2016 19:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши умедҳо барои такмили нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон (2)

Сохти нерӯгоҳи Роғун дар 110 километрии шимолу шарқи Душанбе-пойтахти Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар рӯи дарёи Вахш оғоз шуд, вале пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон амалиёти иҷроии ин тарҳ дар соли 1991милодӣ, ниматамом раҳо шуд. Дар соли 2008 кори сохти сад аз сар гирифта шуд, вале дар соли 2012 мутаваққиф шуд. Ахиран бо баста шудани маҷрои феълии рӯдхонаи Вахш ва ҷорӣ шудани оби ин рӯдхона дар туннелҳои фаръӣ, сохти сади 330 метрии нерӯгоҳи Роғун оғоз шудааст.

Коҳиши фишори Узбакистон: Дар солҳои гузашта Тошканд ширкати русии "РусАл"-ро аз такмили нерӯгоҳи Роғун мунсариф кард ва баҳонаҳои мухталиф мисли таҳдидоти зистмуҳитӣ, қароргирифтан бар рӯи минтақаи  зилзилахез, буҳрони об ва эҳтимоли рух додани ҳаводиси пешбинӣ нашудаи табиӣ, таҳдиди ҷони мардумони минтақаро матраҳ кард ва талош кард бар сарироҳи сохти нерӯгоҳи мазкур монеатарошӣ кунад ва ҳатто таҳдид кард, агар ин сад сохта шавад, бар зидди Тоҷикистон иқдоми низомӣ хоҳад кард. Дар ҳамин росто ҳам нахуствазири Узбакистон дар тобистони гузашта бо ирсоли паёме ба ҳамтои тоҷики худ аз барномаи сохти нерӯгоҳи Роғун тавассути Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. Аммо пас аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи Узбакистон, ба назар мавзеъгирии сарсахтонаи ин кишвар дар мавриди сади Роғун нармтар шудааст. Чунон чӣ бо вуҷуди нигоҳи бисёре бар тадовуми рӯйкарди раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон, Мирзёев дар роҳи Каримов рӯйкардҳои чун эъломи афви умумӣ, даъват аз нозирони ғарбӣ барои ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ташдиди табодули ҳайатҳои байни Узбакистон ва Тоҷикистон, лағви виза барои сокинони манотиқи марзӣ байни ду кишвар ва адами тарҳи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар суханронии имсоли вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти Маҷмааи умуми Созмони милал ( бархилофи солҳои 2013, 2014 ва 2015 ) баёнгари ҳаракати Тошканд ба сӯи беҳбуди равобит бо ҳамсоягон аст.

Дар ин миён бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳар чанд Каримов бо чаҳор кишвари ҳамсояи хеш дар Осиёи Марказӣ равобити муташанниҷ дошт, аммо навъе коҳиши таниш миёни Тошканд ва Душанбе дар сиёсати раёсатҷумҳури ҷадиди Узбакистон дар бораи беҳбуди равобити ин кишвар бо ҳамсоягон оғоз шуда ва ин беҳбуд метавонад ба коҳиши таниш ва тамаркузи бештари Душанбе ба сохти Роғун кӯмак кунад.

Афзоиши талошҳо барои тарҳи CASA-1000 ва иртиботи бештар бо сади Роғун:  Дар воқеъ ҳадафи Тоҷикистон тавлиди энержии барқ барои худ ва фурӯш ба Афғонистон ва Покистон бар асоси CASA-1000 аст ва бо таҳаққуқи он, барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил мешавад.

Дар ин миён сохти CASA-1000 ва сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун пайванде ногусастанӣ ёфтааст ва амалан бидуни Роғун, CASA-1000 чандон судманд нест. Лизо воридкунандагони барқ дар CASA-1000 Афғонистон ва Покистон, ки бо камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд, амалан мухолифате бо сохти Роғун надоранд.

Ба илова, ҳар чанд дар солҳои гузашта Тошканд бо ройзанӣ бо кишварҳо ва бозигарони байналмилалӣ аз ба натиҷа расидани ҳамкории онҳо бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ мекард, аммо нишасти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ва пуштибонӣ аз тарҳи CASA-1000 дар канори назар ҳамроҳи бозигарони дигари ҷаҳон чун Чин ва Амрико ба ин тарҳ ба навъе коҳиши доманаи мухолифат бо Роғун низ ҳаст. Дар ин байн агар ҳар киловатт соат барқи нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар тарҳи  CASA-1000, 9 сент қиматгузорӣ шавад, имкони ҷуброни ҳазинаи молии сохти Роғун дар се сол вуҷуд дорад, лизо Душанбе дар канори имзои қарордод бо ширкати италияии «Salini impregilo» бо такя бар бозгашт сармоя дар ҳоли музокира бо Бонки рушди Исломӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушд ва бозсозии Аврупо, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва Бонки рушд АвруОсиё аст, то сармояҳои бештареро барои бахшҳои дигари сад то сохтумони комили нерӯгоҳи Роғун то 13 соли дигар ҷазб кунад.

Дар бахши дигар ҳарчанд дар гузашта адами ҳамкории ниҳодҳои ғарбӣ ва ҷаҳонӣ барои такмили сад вуҷуд дошт ва сиёсӣ шудани сохти Роғун ва мухолифати Узбакистон бо сохти ин сад ва нерӯгоҳ таъсироте бар сохти ин нерӯгоҳ дошт, аммо такяи Душанбе бар баррасии фаннӣ ва иқтисодии Роғун ва адами исботи иддаоҳои Узбакистон дар заминаи паёмадҳои манфии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва эколожии нерӯгоҳи Роғун, дар канори таъкид бар поёни 70 дарсадии корҳои сохтумонии нерӯгоҳи, обгирии тадриҷӣ ва дар муддати 15 сол ва таваҷҷӯҳи бештари Бонки Ҷаҳонӣ барои пардохти сармоя ҷиҳати такмили нерӯгоҳ мӯҷиби фароҳамтар шудани бистарҳо барои такмили Роғун шудааст.

Рӯйкардҳои дохилӣ ва минтақаии Душанбе ва ҷалби назари бозигарони мутааддид: Дар гузашта бисёре аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби сотсиалистӣ аз тарҳи Роғун пуштибонӣ карда ва акнун низ оғози сохти сади нерӯгоҳи Роғун бо истиқболи мухолифони сиёсии хориҷ аз кишвар рӯбарӯ шудааст. Ҳамчунин дар моҳҳои гузашта тавофуқномаи ҳамкории стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон имзо шуд ва беҳбуди маконизми ҷаласот байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар болотарин сатҳ, мамнуъияти истифодаи зӯр ё таҳдид дар баробари якдигар, густариши ҳамкориҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар заминаҳои низомӣ ва фаннӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ фароҳам шуд. Дар бахши дигар бо вуҷуди канорагириҳои қаблии бозигарон чун Чин, Амрико ва Русия аз пуштибонӣ ва ё сармоягузорӣ дар Роғун баназар мерасад акнун нигоҳҳои навине дар мавриди мушорикат ва ё ҳимоят аз Роғун дар байни бозигароне чун Иттиҳоди Аврупо шакл гирифтааст ва ин амр беҳтарин замон барои таваҷҷуҳи Душанбе ба такмили Роғун аст.

Фарзоди Рамазонии Буниш

Пажӯҳишгар ва коршиноси масоили минтақаӣ

Маркази байналмилалии мутолиоти сулҳ