Бонки рушди Осиё: Тоҷикистон яке аз тавлидкунандагони поктарини барқ дар ҷаҳон аст
(last modified Tue, 17 Jan 2023 11:13:58 GMT )
Январ 17, 2023 16:13 Asia/Dushanbe
  • Бонки рушди Осиё: Тоҷикистон яке аз тавлидкунандагони поктарини барқ дар ҷаҳон аст
    Бонки рушди Осиё: Тоҷикистон яке аз тавлидкунандагони поктарини барқ дар ҷаҳон аст

Бонки рушди Осиё зимни интишори гузориши худ аз бахши энержии Тоҷикистон ба унвони яке аз поктарин бахшҳо аз назари интишори газҳои гулхонаи ном бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Бонки рушди Осиё гузориши нав дар мавриди чашмандози рушди энержи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Муғулистон, Покистон ва Чин мунташир кард.

Дар ин гузориш аз бахши энержи Тоҷикистон ба унвони яке аз поктарин минтақаҳо аз назари газҳои гулхонаи дар саросари ҷаҳон ном буда шуда аст.

Нависандагони ин гузориш хотирнишон мекунанд, ки неругоҳҳои оби омили аслии системаи энержии Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки тақрибан 93 дарсад аз тавлиди барқ ва ҳудуди 90 дарсад зарфияти насбшударо ташкил медиҳад. Ин вобастагӣ ба неругоҳҳои оби бо далели шароти ҷуғрофиёӣ ин кишвар ва дастрасии болои он ба манобеъи оби муртабит аст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба суръат тавлиди ангиштсанги дохилиро афзоиш ва ба 1.7 миллион тонна дар сол дар соли 2017 расонда аст, ки тақрибан 10 баробар бештар аз соли 2010 аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин ба тавлиди ночизи тавлиди дохилии нефт ва гази табиъӣ ба далели захираҳои ночизи он дар хоки ин кишвар ишора шуда аст.

Ба навиштаи коршиносони ин бонк маҷмуъи зарфияти тавлиди барқи шасбшуда дар ин кишвар беш аз 6 гигават аст ва тавлиди барқ аз ангиштсанг бо зарфияти ҳудуди 0.7 гигават мунҳасиран дар давраи тирамоҳ ва зимистон сурат мегирад.

Мутахасисони бонки мазкур интизор доранд, ки тақозои ниҳоӣ энержи Тоҷикистон дар соли 2030 бо таваҷуҳ ба ҳаҷми сармоягузори аз 3.5 миллиони кунуни ба 4.1 миллион тонна муъодили нефти мерасад.

Бин бар пешбинии ин бонк неругоҳҳои оби то поёни ин даҳҳа аз нақши пешрави дар системаи энержии Тоҷикистон бархурдор хоҳанд буд ва саҳми тавлиди ангиштсанг то соли 2030 ба 9-10 дарсад хоҳад расид.

Дар робита бо масраф наваисандагони ин гузориш итихози тадобир барои беҳбуди короӣ дар саноат ва бахши масканро бисёр муҳим медонанд ва бин бар таъкиди онҳо ниёзҳои сармоягузории энержии Тоҷикистон то соли 2030 байни 4.7 то 7.6 миллиард доллар баровард мешавад.

Коршиносони бахши иқтисодии Бонки рушди Оисё дар ин гузориш ба давлати Тоҷикистон тавсия мекунанд, ки ислоҳот дар заминаи сиёсатҳои тарифаҳоро такмил ва иттихози иқдомоти ҳимояти аз энержи таҷдидпазирро идома ва ҳамчунин чорчуби қонунӣ барои ҳифзи энержи аз тариқи иқдомоти баҳраварзиро беҳбуд бахшад.