Сафари тими миллии футболи зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия
Январ 20, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
Аъзои тими миллии ҷавонони зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия сафар карданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Туркия рафт.
Олег Кубарев, сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон 26 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб сохтааст.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар Анталия ҳафт дидори дустона баргузор хоҳад кард.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар раддаи синнии зери 20 соли ҷавонон, аз 1 то 18 март дар Узбакистон баргузор мешавад.
Барчасп