Сафари тими миллии футболи зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i97100-Сафари_тими_миллии_футболи_зери_20_соли_Тоҷикистон_ба_Туркия
Аъзои тими миллии ҷавонони зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия сафар карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 20, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими миллии футболи зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия

Аъзои тими миллии ҷавонони зери 20 соли Тоҷикистон ба Туркия сафар карданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Туркия рафт.

Олег Кубарев, сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон 26 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб сохтааст.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар Анталия ҳафт дидори дустона баргузор хоҳад кард.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар раддаи синнии зери 20 соли ҷавонон, аз 1 то 18 март дар Узбакистон баргузор мешавад.