Январ 22, 2023 09:59 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории доруӣ мақомоти Тоҷикистон ва Эрон
    Имзои тафоҳумномаи ҳамкории доруӣ мақомоти Тоҷикистон ва Эрон

Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамокории доруӣ имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тафоҳумномаи ҳамкории доруӣ байни Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммадҳусайни Некном, мудири кулли умури байналмилалии Вазорати беҳдошту дармон ва омузиши пизишки, мушовири вазири беҳошт ва сафири Тоҷикистон дар Эрон ва ҳайати доруии ин кишвар имзо шуд.

Муҳаммадҳусейни Некном дар бораи ин тафоҳумнома изҳор дошт: Ҳайати тоҷикистонӣ аз бахши дору дар Эрон ҳузур доштанд ва боздидҳо ва музокироти мутаъадиди бо масъулони Эрон дар созмони ғазо ва дору сурат доданд ва маҷмуъаи ин баҳсҳо ба имзои ин тафоҳумнома байни мудири кулли умури дору аз ҷониби Эрон ва мудири кули доруи Тоҷикистон ба имзо расид.

Вай афзуд: Тоҷикистон ҷузи кишварҳое аст, ки ҳамвора барои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар авлавият буд зеро ҳар ду кившар аз назари фарҳангӣ, таърихи ва иҷтимоъӣ иштирокоти зиёд доранд ба хусус забони муштарак ҳамвора эҷоб мекунад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори ва иртиботи густарда дошта бошад.

Некуном бо баёни ин ки ҳамкориҳои пизишки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузашта то кунун вуҷу дошта  гуфт: Як маркази дармонии эронӣ дар Тоҷикистон фаъол аст ва умедворем битавонем ин ҳамкориҳоро дар арсаҳои дигар ба вижа дору ва таҷҳизоти пизишки идома диҳем.

Мудири кулли умури байналмилали Вазорати беҳдошту дармон ва омузиши пизишкии Эрон афзуд: Хушбахтона равобити сиёсии бисёр хуби байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад ва замина барои густариши ҳамкориҳо фароҳам аст ва имзур низ дар арсаи дору тафоҳумномаи бисёр хуби сурат гирифт.

Некуном афзуд: Дар ҳоле ин ҳамкориҳо анҷом мешавад, ки 97 дарсад ниёзҳои доруиро худамон таъмин мекунем дар ҳоле, ки 90 дарсади доруҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон воридоти аст.

Вай такъид кард: Ҳайати тоҷикистонӣ изъон доштанд, ки мардуми Тоҷикистон нисбат ба истифода аз доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии эронӣ истиқболи чашмгири доранд бино бар ин замина барои ин ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ин арса фароҳам аст.