Чин бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз ҷазби 695 миллион доллар сармояи хориҷӣ таи 9 моҳи соли ҷорӣ ба иқтисоди ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои Авесто, 62 дар сад аз маҷмуи сармояи хориҷӣ, ки дар ин муддат ба иқтисоди Тоҷикистон ҷазб шудааст, ба кишвари Чин тааллуқ дорад.
Бар асоси ин гузориш, 354 миллиону 400 ҳазор доллар аз маҷмуи ин маблағ, сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст .
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин мизони сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 15 дарсад афзоиш нишон медиҳад .
Умдаи ин сармоягузорӣ дар бахшҳои санъат, сохту соз, иктишоф ва истихроҷи маодин ва мухобирот ҳазина шудааст .
Русия пас аз Чин дар радифи дуввуми кишварҳои сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон таи 9 моҳи соли ҷорӣ қарор гирифтааст .
Ҳамчунин бар асоси омори ин ниҳод, дар авоили моҳи декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 70 тарҳ бо арзиши молии 2 миллиарду 800 миллион доллар дар ҳоли иҷро шудан қарор дорад .