Феврал 14, 2023 15:06 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории ширкати русӣ дар Тоҷикистон

Ширкати “ BTK Group ” –и Русия дар корхонаи “ SpitamenTextile ”-и Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мудирони ширкати  BTK Group ” тасмим гирифтанд ба манзури ҳимоят аз мазореъи пахтаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва тавсеаи ширкати  SpitamenTextile ” дар ин корхона сармоягузорӣ кунанд .
Ин матлаб дар сафари ҳайати тиҷории вилояти Суғд ба Русия ва мулоқот бо мудирони ширкати  BTK Group ”  эълом шуд .
Ҳамчунин дар ин дидор тавваҷуҳи сармоягузорон рус ба тавонмандиҳои ноҳияи Спитамен ҷалб шуд .
Ноҳияи Спитамен яке аз навоҳии аслии кишти пахта дар Тоҷикистон аст ва бисёре аз пахтаҳои бардоштӣ аз заминҳои кишоварзии ноҳия дар ширкати “ SpitamenTextile ” коркард мешавад.