Қадрдонии намояндагони шаҳрдори ва мақомоти Туркия аз имдодгарони тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i98380-Қадрдонии_намояндагони_шаҳрдори_ва_мақомоти_Туркия_аз_имдодгарони_тоҷик
Намояндагони шаҳрдори ва мақомоти Туркия аз имдодгарони тоҷик қадрдони карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 14, 2023 18:06 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии намояндагони шаҳрдори ва мақомоти Туркия аз имдодгарони тоҷик
    Қадрдонии намояндагони шаҳрдори ва мақомоти Туркия аз имдодгарони тоҷик

Намояндагони шаҳрдори ва мақомоти Туркия аз имдодгарони тоҷик қадрдони карданд.

Намояндагони шаҳдори, Вазорати корҳои дохила ва идораи вазъи изтирории Туркия аз кумаки имдодгарони тоиҷк ташакур карданд.

Гукман Чечак шаҳрдории Қайсари ва қадимитарин шаҳри устони Кападокияи Туркия бо Сулаймон Исозода, раиси гуруҳи наҷоти кумитаи вазъи изтирори ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қаҳрамони Маръаш машғули имдодрасони ҳастанд дидор ва гуфтугу кард.

Дар ин дидор Гукман Чичак аз давлати Тоҷикистон, имдодгарони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон барои ирсоли кумак ва имдодрасони қадрдони кард.

Ҳамзамон Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилаи Туркия ҳам дар боздид аз шаҳри зилзилазадаи Қаҳрамон Маръаш аз имдодгарони кумитаи ҳолатҳои изтирори ва дифоъи шаҳрвандии Тоҷикистон ташакур кард.

50 нафар аз имдодгарони кумитаи вазъи изтирори ва дифои шаҳрвандии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамони Маръаши Туркия имдодрасони мекунанд.