13 кушта бар асари резиши тарма дар Бадахшони Тоҷикистон  
(last modified Thu, 16 Feb 2023 09:25:11 GMT )
Феврал 16, 2023 14:25 Asia/Dushanbe
  • бар асари резиши баҳман 4 хона комилан аз байн рафтааст
    бар асари резиши баҳман 4 хона комилан аз байн рафтааст

Резиши баҳман ё тарма дар маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон мунҷар ба марги 13 тан ва захмӣ шудани теъдоди дигаре шуд.

Дар пайи резиши баҳман дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшони Тоҷикистон 13 нафар, шомили 2 кӯдак ҷон бохтанд ва теъдоди дигаре низ захмӣ шуданд.

Бинобар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, бо кумаки гуруҳи имдоду наҷот ва ҳамчунин мардуми маҳаллӣ 9 нафар зинда аз зери баҳман берун оварда шуданд.

Гуфта шудааст, ки бар асари резиши баҳман 4 хона комилан аз байн рафта ва 18 хона низ осеб дидааст.