Феврал 17, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистону Сурия бозии дӯстона баргузор мекунанд
    Тоҷикистону Сурия бозии дӯстона баргузор мекунанд

Тимҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон (зери 20 сол) ва Сурия дидорҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Рӯзҳои 21 ва 24 феврал дидорҳои дӯстонаи тимҳои футболи ҷавонони Тоҷикистону Сурия дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Мусобиқот аз соати 16 оғоз мешавад.

Ин бозиҳои тадорукотӣ барои омодагии бештари тими миллии Тоҷикистон барои ҳузур дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 баргузор мешавад.

Дар марҳилаи поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбакистон баргузор мешавад, тими миллии зери 20 соли Тоҷикистон дар гуруҳи “C” бо тимҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.

 

Барчасп