Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон: Хоҳони тавсеаи равобит бо Теҳрон ҳастем
(last modified Sat, 18 Feb 2023 14:23:00 GMT )
Феврал 18, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон: Хоҳони тавсеаи равобит бо Теҳрон ҳастем

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди равобити Теҳрон ва Душанбе гуфт, дар муддати ахир дидорҳое байни мақомоти ду кишвар дар олитарин сатҳ баргузор шуда ва Тоҷикистон хоҳони тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт: Ин кишвар тарафдори тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Вай дар посух ба суоле, ки «аз вазъияти кунӯнии равобит миёни ду кишвар чӣ арзёбӣ доред?», Изҳор дошт: Тайи солҳои ахир диду  боздидҳои мақомоти Тоҷикистону Эрон дар олитарин сатҳи сиёсӣ ва ҳамчунин дар сатҳи вазоратхонаҳо ва соири сохторҳои ду кишвар ба сӯрати матлуб анҷом шудааст.

Вай равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳронро мусбат унвон кард ва гуфт, ба хусӯс сафарҳои расмии раисони ҷумҳури Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои якдигар ангезаҳои ҷадиде дар ҷиҳати тавсеаи муносибот эҷод кардааст.

Ин мақоми сиёсии тоҷик баён дошт, мо ҷонибдори тақвияти ройзаниҳои муассири сиёсӣ байни ду кишвар ба манзури тавсеаи пойдори муносибот ҳастем.

Шоён ёдоварист, ки зимни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси муҳтарами Тоҷикистон ба Эрон, ки дар таърихи 29 - 30 майи соли 2022 анҷом шуд, 17 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ва аз ҷумла барномаи баландмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ то соли 2030 ба имзо расид, ки заминаи таҳким ва густариши ҳарчӣ бештари равобит миёни ду кишвари ҳамзабонро фароҳам хоҳад кард.

Вай ҳамчунин дар бахши дигаре аз суҳбатҳои худ таъкид кард: Мо тарафдори сулҳу субот ва қатъи ҷанг дар Афғонистону ободӣ ва пешрафти кишвари бародар ҳастем.

Муҳриддин афзуд: Тоҷикистон дар радифи соири кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи риояти ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва бавижа дастрасии занон ба омӯзишу ҳузури онҳо дар рушди кишварашон нигарон аст ва ҳамеша таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мавзӯ ҷалб мекунем.

Вай дар идома баён кард: Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ногувори иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон, Тоҷикистон тамоми роҳҳои худро барои интиқоли кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба ин кишвар боз нигоҳ медорад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки ба мардуми Афғонистон кумак расонанд.