Ибрози ҳамдардии раиси Ҷумҳурии Туркманистон бо давлат ва миллати Тоҷикистон
(last modified Sun, 19 Feb 2023 04:58:04 GMT )
Феврал 19, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии раиси Ҷумҳурии Туркманистон бо давлат ва миллати Тоҷикистон
    Ибрози ҳамдардии раиси Ҷумҳурии Туркманистон бо давлат ва миллати Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар паёми ба ҳамоти тоҷики худ кушта ва маҷруҳ шудани теъдоди аз мардуми ин кишвар дар ҳодисаи резиши тармаро таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар паёми ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта ва маҷруҳ шудани теъдоди аз мардуми ин кишвар дар воқеъаи резиши тарма дар вилояти Мухтори Бадахшонро ба вай таслият гуфт ва бо мардуми кишвари бародар ва дусти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ҳамдарди кард.

Дар бахши аз ин паём омада аст: Аз тарафи мардум, давлати Тукрманистон ин лаҳзаи сахтро таслият гуфта ва ба хонавода ва наздикони қурбониён ибрози ҳамдарди мекунам ва барои маҷруҳон шифои оҷил арзу менамоям.

Дар резиши тарма дар Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон 17 нафар кушта ва теъдоди аз мардум захми шуданд ҳамчунин дар ин ҳодиса 35 манзили истиқомати вайрон шуда аст.