Коҳиши гардиши тиҷорати хориҷии молу коло дар вилояти Хатлон
Декабр 16, 2016 16:16 Asia/Dushanbe
Намояндагии Ожонси омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон эълом кард, ки гардиши тиҷорати хориҷии молу маҳсулот дар ин вилоят дар 11 моҳи имсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 беш аз 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аммо ба гузориши Фариштаи Давлат, хабарнигори Садои Хуросон дар ин минтақа, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти чандин корхонаи саноатӣ ва ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди ин вилоят, афзоиши истеҳсолоти дохилӣ дар назар аст.