Афзоиши муҳоҷирати кории тоҷикҳо ба Русия дар соли 2022
Маркази хадамоти таҳлилӣ ва мушовираии «Файн Экспресс» Русияро яке аз аҳдофи аслии муҳоҷирони кории узбак, тоҷик ва қирғиз дар соли 2022 мелодӣ унвон кард.
Маркази хадамоти таҳлилӣ ва мушовираии «Файн Экспресс» дар гузорише феҳристи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар соли гузаштаи мелодӣ Русияро ба унвони ҳадафи сафар барои кору фаъолият интихоб кардаанд, мунташир кард.
Бар асоси гузориши ин шабакаи таҳлилӣ, соли гузаштаи мелодӣ 986 . 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз кишвари худ ба Русия сафар кардаанд.
Дар миёни тамоми хориҷиҳое, ки барои кор ба Русия омадаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз як чаҳоруми кулли муҳоҷирон (28. 4 дарсад) ташкил додаанд.
Ҳамчунин Узбакистону Қирғизистон аз ҷумлаи 3 кишвар ба шумор мераванд, ки шаҳрвандони онҳо барои кор ба Русия сафар мекунанд.
Саҳми қобили таваҷҷуҳе аз муҳоҷирони корӣ ҳамчунин бо шаҳрвандони Арманистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон муртабит аст.
Ин дар ҳолест, ки аксари касоне, ки вориди Федератсияи Русия шудаанд, тобеияти Узбакистон доштаанд. Ба ин тартиб, атбои узбакистонӣ 41. 9 дарсад (1. 45 миллион нафар) аз кулли шаҳрвандони хориҷиро ташкил дода, ки барои кор вориди Русия шудаанд.
Шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд, 562. 6 ҳазор нафар (16. 2 дарсад аз кулли муҳоҷирони корӣ) эълом шудаанд. Ба ин тартиб Бишкек мавқеияти сеюми ин феҳристро ба худ ихтисос додааст.