Афзоиши 50 дарсадии содироти барқи Тоҷикистон дар моҳи январ
(last modified Wed, 22 Feb 2023 15:51:57 GMT )
Феврал 22, 2023 20:51 Asia/Dushanbe
  • Барқи Тоҷик
    Барқи Тоҷик

Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши содироти барқ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Агентии омори Тоҷикистон, вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар имрӯз (чаҳоршанбе) эълом кард, Тоҷикистон дар ибтидои соли ҷорӣ ба маблағи беш аз чаҳор миллион доллар ба хориҷ барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2022 мелодӣ ҳудуди 50 дарсад бештар аст.

Ширкати «Барқи Тоҷик» дар моҳи январи соли ҷорӣ ба кишварҳои Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон барқ содир кардааст.

Бар асоси омор, Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 106 миллион доллар барқ содир кардааст, ки дар қиёс бо соли 2021 мелодӣ 10.6 дарсад бештар аст.

Бар асоси эъломи ин ширкат, содироти барқ тайи ин давра дар чорчӯби омодасозии системаи барқи Тоҷикистон барои иттисол ба системаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ анҷом шудааст.

Вазири энержии Тоҷикистон дар январи имсол эълом карда буд, иттисоли шабакаҳои барқ аз бахши марказии ин кишвар ба системаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ аз тариқи хутути барқи Узбакистон ҳаддиаксар то апрели соли 2023 такмил хоҳад шуд.

Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ як шабакаи минтақаии интиқоли барқ аст, ки дар замони Шуравӣ эҷод шудааст.