Феврал 27, 2023 17:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири иқтисоди Тоҷикистон бо мудири  департаменти Иттиҳоди Аврупо
    Дидори вазири иқтисоди Тоҷикистон бо мудири  департаменти Иттиҳоди Аврупо

Арзиши тиҷорати мутақобили Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар соли гузашта 490.2 миллион доллар буд, ки дар муқоиса бо соли қабл 12.3 дарсад бештар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупоо бо сарпарастии  Люк Девин, мудири  департаменти Иттиҳоди Аврупо оид ба Русия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони амнияти ҳамкории аврупо дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор тарафайн зимни ишора ба афзоиши 12.3 дарсадии тиҷорати мутақобил дар соли гузашта нисбат ба соли 2021 изҳор доштанд, ки ин шохис бо дар назари захираҳо ва фурсатҳои густардаи мавҷуд метавонад боз ҳам боло бошад.

Дар бахши дигари ин дидор афзоиши раванди илҳоқи Тоҷикистон ба системаи умумии тарҷиҳоти Иттиҳодияи Аврупо, ҷазби будҷети бештар дар заминаҳои иқтисоди миллӣ, раванди иҷрои барномаи шохиси Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 баҳсу барраси шуд.

Барчасп