Мишустин дувуми март ба Тоҷикистон сафар мекунад
Нахуствазири Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад
Михаил Мишустин, нахуствазири Федерасиюни Русия дар таърихи 2 то 3 марти соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунад.
Қарор аст Михаил Мишустин дар ҷараёни ин сафар дар нуҳумин конфаронси ҳамкориҳои байни минтақаӣ ва ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Русия, ки дар таърихи 2 март баргузор мешавад, ширкат кунад .
Ҳамчунин интизор меравад дар ин сафар дидору музокироти байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ анҷом шавад.
Гуфтанӣ аст Федерасиюни Русия яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон аст ва бар асоси омори расмӣ дар соли 2022 беш аз 26.4 миллион доллар сармояи Русия вориди Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин даҳҳо ширкати саноъатии муштарак ва зерсохтҳои мухталиф ба вижа муассисоти омӯзишӣ бо мушорикати сармояи Русия дар Тоҷикистон сохта шудааст .
Бештар бихонед :