Тазоҳуроти мардуми Булғористон алайҳи евро
(last modified Sun, 01 Jun 2025 06:20:20 GMT )
Июн 01, 2025 11:20 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Булғористон алайҳи евро

Порс тудей - Ҳазорон нафар аз мардуми Булғористон рӯзи шанбе дар тазоҳуроте бо тарҳи давлати ин кишвар барои тағйири арз(асъор)-и миллӣ ба евруо мухолифат карда ва хостори баргузории ҳамапурсӣ дар ин бора шуданд.

Гуруҳҳои маданӣ ва аҳзоби миллигаро созмондеҳии тазоҳурот дар София, пойтахти Булғористонро бар ӯҳда доштанд. Муътаризон бо ҳамли парчами Булғористон сурӯдҳои миллигароёна хонданд ва шиор доданд: «Озодӣ барои лев (воҳиди пул)-и Булғористон» ва «оянда ба давлатҳои мустақил тааллуқ дорад.» Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор шуд, ки интизор меравад, Иттиҳодияи Аврупо то се рӯзи дигар барои вуруди Булғористон ба минтақаи евро чароғи сабз нишон диҳад. /ИРНА