Ба хушунат кашида шудани эътирозоти густарда дар Тел-Авив
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121440
Порстудей - Беш аз 60 ҳазор саҳюнист шанбешаб бо баргузории тазоҳурот дар хиёбонҳои Тел-Авив бузургроҳи аслии Аёлунро бастанд ва ба нишонаи эътироз ба тасмими кабинаи Бинёмин Натанёҳу барои ишғоли Ғазза , оташсӯзиҳо эҷод карданд, ки дар пайи он даргириҳои физикии миёни неруҳои амниятӣ ва муътаризон рух додааст.
(last modified 2025-08-10T07:29:35+00:00 )
Август 10, 2025 12:14 Asia/Dushanbe
  • Эътирозоти густарда дар Тел-Авив
    Эътирозоти густарда дар Тел-Авив

Порстудей - Беш аз 60 ҳазор саҳюнист шанбешаб бо баргузории тазоҳурот дар хиёбонҳои Тел-Авив бузургроҳи аслии Аёлунро бастанд ва ба нишонаи эътироз ба тасмими кабинаи Бинёмин Натанёҳу барои ишғоли Ғазза , оташсӯзиҳо эҷод карданд, ки дар пайи он даргириҳои физикии миёни неруҳои амниятӣ ва муътаризон рух додааст.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба коршикании дубораи кабинаи Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ дар масири музокироти оташбас ва мубодилаи асирон баргузор шудааст. Тазоҳуроткунандагон дар Тел-Авив хостори поёни ҷанг ва бозгардондани асирон аз Ғазза шуданд. Неруҳои асбсавори режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз бастани дигар хиёбонҳои аслӣ аз сӯи саҳюнистҳои муътариз , иқдом ба таъқиб ва пароканда кардани муътаризон карданд.