Март 03, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустии Тоҷикистон
    Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Вазири тандурустии Федератсияи Русия бо имконоти бахши беҳдошту дармони Тоҷикистон ошно шуд.

Дидору гуфтугӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо вазири тандурустии Русия дар хусуси густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи беҳдошту дармон табодули назар шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин мулоқот аз вазири тандурустии Русия барои кумак ба бахши беҳдошти Тоҷикистон дар замони ҳамагирии Ковид - 19 ташаккур кард.

Ҳамчунин вазири тандурустии Русия аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино боздид кард.

 

Барчасп