Март 07, 2023 11:36 Asia/Dushanbe
  •  Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеъи тоҷикистонӣ : Дӯст дорам то поёни футболам дар Персполис бимонам

Ваҳдат,мудофеъи тоҷики Персполис, ки голи бартарии тимаш муқобили Тракторсозии Табриз дар Лигаи бартари футболи Эронро зад, мегуяд : Ман Персполису ҳаводоронашро хеле дӯст дорам ва мехоҳам солҳо дар ин тим бимонам .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,амалкарди хуби Ҳаннонов дар чанд бозии гузашта боис шуд, то Донёли Исмоъилифар дар ду бозии ахири Персполис дар лига нимкатнишин шавад ва Ваҳдат  ба сурати собит дар таркиби Персполис қарор бигирад . Ваҳдат дар бозӣ бо Трактор ҳам хуб кор кард ва албата авҷи кораш голи дақиқаи 95 ба Трактор буд ,ки боис шуд Персполис ба 3 имтиёзи бисёр муҳими ин бозии берун аз хона даст пайдо кунад ва ҳамчунон фосилаи якимтиёзии худро бо Сипоҳон ҳифз кунад . Голе ки Ҳаннонов ба Трактор зад, аввалин гол ӯ бо пероҳани Персполис дар ду фасли гузашта будааст;голе ки ба гуфтаи худаш ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва як голи руъёӣ барои ин бозикун буд .

 

Барчасп