Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо мақомоти давлати Туркманистон
(last modified Thu, 09 Mar 2023 14:23:44 GMT )
Март 09, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо мақомоти давлати Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 март бо Рашид Муродов, муовини кабинаи вазирон ва вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дидору гуфтугӯ карданд .

Дар ин гуфтугӯ бахши густардаи мавзӯъоти ҳамкории байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, ки ба таври пайваста густариш ёфтаву заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи тарафайнро пӯшиш медиҳад, ибрози ризоят кард.

Дар ҷараёни баррасии масоили равобити дуҷонибаи дӯстиву ҳамкорӣ, тавсеаи кори Комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва фаъолияти шӯрои бозаргонӣ пешниҳод шуд.