Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9952-Боздошти_як_шаҳрванди_Тоҷикистон_дар_Қирғизистон
Як шаҳрванди 36 солаи Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ дар фурудгоҳи шаҳри Уши Қирғизистон боздошт шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 18, 2016 09:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

Як шаҳрванди 36 солаи Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ дар фурудгоҳи шаҳри Уши Қирғизистон боздошт шуд.

    Ба гузориши сойти CA NEWS, бинобар эъломи мақомоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ахиран дар фурудгоҳи шаҳри Уш дар ҷануби ин кишвар, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасд дошт бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ ба Маскав сафар кунад, боздошт кардаанд.

    Ин мақомот мегӯянд , ки ҳангоми убури ин шаҳрванди Тоҷикистон аз қисмати контроли гузарнома, аломатҳои аз қалбакӣ будани асноди вай кашф шуд, ки бо мушаххасоти шиносномаҳои биометрии Қирғизистон мутобиқат надошт.

    М.С шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар бозҷӯиҳои аввалия гуфт, вай ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия фаъолият мекарда ва чанд моҳ қабл, ба иттиҳоми нақзи қавонини иқомат аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудааст. Аз  ин рӯ, барои вуруди дубора ба Русия, ба гирифтан шиносномаи қирғизӣ иқдом кардааст.

    Мақомоти амниятии Қирғизистон акнун дар ҳолли баррасии мавзӯи ёфтани афроди муқасир дар моҷарои додани шиносномаи тақаллубии ин кишвар аз сӯи идораи гузарномаи вилояти Уш ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, ки ба иттиҳоми талош барои убури ғайриқонунии марзи ин ҷумҳурӣ, дар боздошт басар мебарад.

    Ба далели афзоиши ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия, теъдоде аз ин афрод бо тағйири ному насаби худ ва таҳияи гузарномаҳои ҷадид барои бозгашт ба ин кишвар иқдом мекунанд, ки дар мавориде, боздошт ва аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муддатҳои тӯлонӣ маҳрум мешаванд.

    Ба гузориши манобеи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2015, теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷикистонӣ аз Русия 130 ҳазор нафар буда , ки ин омор дар авоили октябри имсол ба 320 ҳазор нафар расидааст.