Декабр 18, 2016 10:09 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти рафту омади нақлиёти кӯҳна дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдории шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон эълом кардааст, ки рафту омади нақлиёти болои 8 сол истифода шуда, аз 20 марти соли ҷадид (2017) дар сатҳи пойтахт барои ҳамли мусофирин мамнуъ хоҳад шуд.

   Ба гузориши сойти Авесто, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ахиран дастур додааст, ки Идораи хадамоти ҳамлу нақли шаҳрдорӣ бояд, то рӯзи 20 марти соли ҷадид (2017) заминаи мамнуъияти рафту омади нақлиёти болои 8 сол истифода шударо барои мусофиркашонӣ фароҳам созад.

    Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир рӯзона дар 93 масири дохили шаҳрӣ 193 автобус, 60  автобуси барқӣ (троллейбус), 50 микроавтобус  ва 2 ҳазору 200 адад нақлиёти бахши хусусӣ, ба ҷо баҷоии мусофирин машғул мебошанд. Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе барои амнияти интиқоли масофирон ва коҳиши олудагии ҳаво бояд, дар баҳори соли оянда аз рафту омади нақлиёти болои 8 сол истифода шуда, дар сатҳи пойтахти Тоҷикистон пешгирӣ  шавад.

   Шаҳрдори Душанбе аз ин, ки то ба ҳол маблағи 141 миллион сомонии молиёти бахши хусусиро, ки мебоист ба буҷаи шаҳри ворез мешуд, ҳанӯз дарёфт накардаанд, ба шиддат интиқод кардааст.

    Ин мавзӯъ ба фаъолияти шабакаҳои бонкӣ бармегардад, ки ахиран бо буҳрон молӣ рӯбарӯ шудаанд.